, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 22.11.2023 230

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 22.11.2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ баргузор гардид.

Дар конференсия декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусейнзода Аминҷон, ҷонишини декан оид ба тарбия Каримзода Исроил ва ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал декан факултет Ҳусейнзода Аминҷон суханронӣ намуда, мавзуъҳои баррасишаванда дар конференсия ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, Исломов Шермуҳаммад донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи "Таъмини амнияти иттилоотӣ дар низоми нави ҷаҳонӣ" ва Исломова Фарида донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи "Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият ва давлатдории миллӣ" маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир конференсия бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат