, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

 22.11.2023 434

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар таърихи 22-юми ноябри соли 2023 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод аз ҷониби муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он Исмоилова Муборак дар мавзуи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” дар гурӯҳи таълимии 401-и ихтисоси химия ва биология гузаронида шуд.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал, муаллим Исмоилова Муборак дарсро оғоз намуда, қайд карданд: “Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.

Сипас, аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён дар мавзуъҳои “Парчамат  бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, “Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ” ва   “Парчами миллӣ-рамзи Истиқлол” маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон чанде аз донишҷӯёни гурӯҳ порчаҳои шеърӣ дар васфи парчам қироат намуданд.

Дар фарҷом сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат