,
Якшанбе, 22-декабр
Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 22.11.2023 дарси кушод аз ҷониби муаллими калони кафедраи психология Абдуллоева Меҳринисо дар мавзуи “Доир ба баъзе сабабҳои ташакулёбии хислатҳои бади дуздӣ ва дурӯғгӯӣ дар кӯдакон” дар гурӯҳи таълимии 408-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ бо иштироки аъзоёни кафедра гузаронида шуд.
Сараввал муаллима Абдуллоева Меҳринисо дарсро оғоз намуда, оид ба якчанд сабабҳои дурӯғгӯии кӯдакон маълумот доданд.
Сипас, донишҷӯён дар бораи ташакулёбии хислатҳои бади дуздӣ ва дурӯғгӯӣ дар кӯдакон маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамчунин дар рафти дарс миёни донишҷӯён ва муаллима саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар маҷмуъ, дарс дар сатҳи хуб гузашт ва донишҷӯён тавонистанд, ки доир ба мавзуъ маълумоти заруриро аз худ кунанд.