,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон дар сартосари мамлакат як қатор озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки ҳадаф аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои лаёқатманду донандаи хуби забон ва адабиёт мебошанд, гузаронида шуд.
Дар олимпиада декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Холиқова Зайналбӣ, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.
Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, такмили захираи луғавӣ, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир мегардад.
Олимпиада аз рӯи се шарт навиштани диктанти санҷишӣ, тест ва саволу ҷавоби шифоҳӣ миёни 38 нафар донишҷӯ гузаронида шуд.