, Душанбе, 20-апрел

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 22-уми ноябр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ Шоҳсанами Ризо дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Парчам-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” дар гурӯҳи таълимии 107-и ихтисоси математика баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самардинова Зайнаб ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст, дарсро муаллима Шоҳсанами Ризо оғоз намуданд. Зимни суханронӣ қайд карданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Инчунин, ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ тибқи роҳнамоии муаллима дар бораи Парчам маърӯзаҳои худрои ироа намуданд.

Дар фарҷом декани факултет, дотсент Самардинова Зайнаб суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_2da57p9hqeqd70aclluosc36vr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_2da57p9hqeqd70aclluosc36vr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_b8buij7v6o4440hfre1q6a762k in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_b8buij7v6o4440hfre1q6a762k): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274