, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

 21.11.2023 247

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Санаи 21-уми ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик – Одинаева Гулбону дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзуи “Парчам шиносномаи миллат аст” баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи адабиётии тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ, ва дигар муаллимон ширкат варзиданд.

Зимни баргузории дарс, муаллим Одинаева Гулбону иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки  “Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд”.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ тибқи роҳнамоии муаллим порчаҳои шеъририро аз эҷоди шоирон ва маърӯзаҳо дар бораи Парчами миллӣ ироа намуданд.

Инчунин, аз ҷониби гурӯҳи дигари донишҷӯён суруд дар васфи Парчам ва Ватан бо овози зинда суруда шуд.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Дар охир декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад баромад намуда, дарсро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия доданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шаванд.




Ба рӯйхат