,
Якшанбе, 22-декабр
Дар таърихи 18-уми ноябри соли 2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Саодати Раҳмоналӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Акбарова Маҳрамбӣ, мутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Саодати Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Муминова Хатича, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Дидактика ва вазифаҳои он”, Бобоева Моҳлиқо, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Мо терроризмро маҳкум мекунем”, Иномова Мутриба, донишҷӯи курси 2-уми факултет дар мавзуи “Давраҳои 32 солагии истиқлолияти давлатӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил ба саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.