,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Дар таърихи 18-уми ноябри соли равон дар толори шурои олимони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Раънои Нуралӣ дар мавзуи “Заминаҳо ва имкониятҳои ташкили кластерҳои инноватсионии агросаноатӣ дар минтақа (дар мисоли минтақаи Кӯлоб)” (роҳбари илмӣ, Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент) баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултети иқтисод ва идора, дотсент Расулова Лутфия, роҳбари илми докторант, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Наврӯз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҳасанова Фарзона, номзади илмҳои иқтисодӣ баромад намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Раънои Нуралӣ бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.