,
Сешанбе, 10-декабр
Таҳти унвони мазкур санаи 17.11.2023 бо ташаббуси факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллаии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ профессорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва меҳмонони бурунмарзиро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон рӯз аз рӯз тавсеа бахшида истодааст. Ба роҳ мондани робитаҳои фаъол ва боз ҳам таҳким додани маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар қисмати пленарии конфронс зиёда аз 6 маърӯза аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Шарипов Амриддин Нуриддинович, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Ауган Малик Алшиоразулӣ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Некрӯзи Маҳмадхоҷа, муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик ва дигар профессорону устодони донишгоҳ доир ба «Нақш ва мақоми Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати музокирот сардори Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Иззатов Умедҷон баромад намуданд.
Дар фарҷоми қисмати пленарии конфронс изҳори умед карда шуд, ки таклифу пешниҳодоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти “Нақш ва мақоми Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ” нақши арзанда хоҳад гузошт.
Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2023 дар ду бахш: “Таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо” ва “Аҳамияти геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ” ба роҳ монда, дар он зиёда аз 50 маърӯза бо забонҳои тоҷикиӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.