,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи бистуми якуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид.
Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек роҳбарӣ менамояд.
Мавзуи асосии рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили марбут ба амнияти иттилоотии ҷавонони кишварҳои ИДМ буда, дар он парламентарҳои ҷавони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Россия иштирок намуданд.
Баррасии масоили амнияти иттилоотии ҷавонон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳар яке аз давлатҳои ИДМ мавзуи асосии баҳсу назарпардозиҳо гардид. Намояндагони ҳайатҳои парламентарҳои ҷавони кишварҳои Иттиҳод бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон гурӯҳи махсусан осебпазири ҷомеа буда, ҷой доштани масоили ҳалталаб дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ин осебпазириро боз меафзояд. Дар ҷаҳони муосир талаботи ҷавонон ба Интернет аз талаботашон ба некуаҳволии моддӣ боло гирифта, танҳо аз талаботҳои физиологӣ қафо мемонад.
Таъмини амнияти иттилоотӣ иштироки фаъол ва дастаҷамъонаи се субъекти муносибатҳо: давлат, муассисаҳои таълимӣ ва оиларо тақозо мекунад. Дар ин раванд ҳамкории ҳамоҳангшуда бо истеҳсолкунандагону паҳнкунандагони маводи интернетӣ, иттиҳодияҳои экспертӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ-педагогӣ ногузир арзёбӣ мешавад.
Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи қаблӣ парламентарҳои ҷавон пешниҳод намуда буданд, ки дар доираи Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналхалқӣ дар ИДМ Озмуни байналхалқии тарҷума миёни ҷавонон гузаронида шавад. Лоиҳаи мазкур 11 сентябри соли 2023 оғоз гардида, барои ҷавонони эҷодкори аз 14 то 35-cолаи ИДМ имконият медиҳад, то маҳоратҳои эҷодӣ ва фарҳанги истифодабарии забони русии хешро муаррифӣ намоянд. Яке аз се номинатсияи озмун, ин тарҷумаи асари тавсияшаванда аз забони русӣ ба яке аз забонҳои давлатии кишварҳои ИДМ мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласа, ҳамчунин, масъалаи эълон намудани соли 2024-ро ҳамчун Соли фаъолияти волонтёрӣ баррасӣ карданд. Нақшаи чорабиниҳо беш аз сад аксияҳои байналхалқӣ, вохӯриҳо, конференсияҳо, тадқиқотҳоро дар бар мегирад. Чорабиниҳои мазкур ба такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори фаъолияти волонтёрӣ, дастгирии тарғибот ҷиҳати фаъолияти ихтиёрии муфиди ҷамъиятӣ равона шудаанд.
Санаи 17 ноябр парламентарҳои ҷавон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 56-уми АБП ИДМ иштирок хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳамчун ниҳоди машваратӣ барои баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷанбаҳои ҳамкориҳои парлумонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар таҳияи санадҳои қонунгузории тавсиявӣ барои истифода дар қонунгузории миллии кишварҳои аъзо нақши созгор дорад. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо назардошти самтҳои дархӯри фаъолият, бо ин ниҳоди бонуфузи минтақавӣ моҳи ноябри соли 2022 созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид, ки дар партави он ҳамкориҳои судманде рӯйи кор оварда шудаанд.