, Шанбе, 23-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 16.11.2023 219

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16.11.2023 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Нозимова Ибодатхон дарси кушоди тарбявӣ дар мавзуи «Пешвои миллат-бунёдгузори давлати соҳибистиқлол» баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, муаллими калони кафедра Назаров Муродалӣ, ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Қурбонов Некрӯз ва гурӯҳи донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст дарсро муаллима Нозимова Ибодатхон ғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки тарбиявӣ буд муаллима доир ба нақши Президенти мамлакат дар рушди иқтисодиёти миллӣ сухан ронда қайд карданд: “Дар баробари ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ гардида, ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки дар ин самт, як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд: Стратегияи миллии рушд барои соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум барои солҳои 2013-2015, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ва ғайра. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо роҳи амалӣ гардидани стратегияҳои дар боло зикргардида ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардад”.

Сипас донишҷӯён маърӯзаҳои худро аз ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, хизматҳои беназири Пешвои миллат барои миллати тоҷик,  пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ ироа намуданд.

Зимни баромад қайд гардид, ки маҳз хизматҳои поквиҷдононаю софдилонаи Сарвари давлат буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ пайдо кард. Имрӯз зиёда аз 151 давлати дунё кишвари азизи мо Тоҷикистонро медонанду мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғаразона буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки ба ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад.

Мақсад аз ташкили ин дарс бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, қадр намудани арзишҳои миллӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо қаҳрамониҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.




Ба рӯйхат