,
Якшанбе, 22-декабр
Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.
Дар ин робита санаи 15-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби намояндагони САҲА ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Ҳар як “не” ба фасод- ин “ҳа” ба беҳбудии Тоҷикистон аст!” гузаронида шуд.
Дар семинар намояндаи Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо Штедхан Ханиш, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёсуман Акрамзода, ҳуқуқшиносӣ Ташкилоти ҷамъияти ҳуқуқшиносон Насриддинова Шаҳноза, модератор Абуали Сафар ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Семинарро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ оғоз намуда, зимни суханронӣ меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфтанд.
Баъдан, намояндаи Созмони Амнияти Ҳамкори дар Аврупо Штедхан Ханиш баромад карда, бобати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо, ҳамзамон доир ба муайян гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, махсусан дар соҳаи маорифу тандурустӣ, идоракунии давлатии хизмати давлатӣ, дар бахшҳои замину сохтмон ва дигар соҳаҳо суханронӣ кард.
Ҳамчунин, муовини сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёсуман Акрамзода доир ба "Зарари амалҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои манфии он дар рафти таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон ва фаъолият дар ин ё он соҳа" баромад карда, аз нишастагон даъват ба амал овард, ки ба ин амали нангин даст назананд ва барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бошанд.
Таъкид гардид, ки дар кишварамон-Тоҷикистон чораҳои муассир барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ андешида шудааст ва сохторҳои дахлдори давлатӣ дар мубориза бо амалҳои коррупсионӣ беш аз пеш кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Дар идома, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъияти ҳуқуқшиносон Насриддинова Шаҳноза дар мавзуи “Хавфи коррупсия ва нақши ҷавонон дар самти паст намудани коррупсия” баромад карданд.
Дар охир, суолу ҷавоб байни нишастагон ва намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Халтон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ташкил гардид.