, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 15.11.2023 248

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар таърихи 15.11.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ конфронси илмӣ - назариявӣ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-умин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-таҷаллии хуршеди иқболи тоҷикон” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-умин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба кори конфронс барор хостанд.

Ҳамзамон декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ  намуда, қайд карданд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

Сипас, Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар самти дастгирии занону бонувон”, Ҷумъахон Алимӣ, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзуи “Пешвои миллат –омили саодат”, Содиқов Ёралӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими илм ва пешрафти муассисаҳои олии таълимӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир  аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯдухтарони факултети филология тоҷик ва журналистика шеърҳо дар васфи Пешвои миллат қироат гардид.




Ба рӯйхат