,
Шанбе, 23-ноябр
Дар таърихи 15-уми ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Рӯзи Президент, рӯзи арҷгузорӣ ба таърих ва шахсиятҳост” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дар дарс муовини декан оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи журналистика Одинаева Марҳабо, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Валиева Муборак ва дигар омӯзгорони кафедраи журналистика иштирок доштанд.
Нахуст, дарсро Алишери Абдулмаҷид оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуданд: “Мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст”.
Дар қисмати дигари дарс гурӯҳи донишҷӯён дар бораи Президент ва ҳамаи он ҷоннисориҳои роҳбари давлат баҳри рушду нуму ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани кишвари маҳбубамон маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Сипас, аз тарифи донишҷӯён шеърҳо ва суруд дар васфи Президент манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир, муовини декан оид ба таълим, дотсент Шамшоди Ҷамшед баромад намуда, дарсро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия доданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шаванд.