, Якшанбе, 22-декабр

ҲОМИИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

 14.11.2023 229

ҲОМИИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ҲОМИИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, собиқ депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 - Шарипов Ҳикмат, раиси Телевизиони Кӯлоб, иштирокдори ҳодисаҳои солҳои 90-ум - Сафаралӣ Бозорзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Салим Сайвализода, собиқ депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 - Аламхон Ахмед (тариқи маҷозӣ (онлайн) ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Зимни сухани ифтитоҳи ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин ду ҷашни бузургу муқаддас барои миллати тоҷик табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно карданд. Дар идома иброз доштанд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвар ва ҳомии тоҷикони ҷаҳон, эҳёгари тамаддуни оламгири гузаштагони бофазлу некном, Пешвои эътирофшудаи асри XXI, муаллиф ва тарғибгари формулаи нодири сулҳ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҷумлаи он сарварону раҳбарон, шахсияти барҷаставу бемисли таърихиест, ки хираду ҷаҳонбинӣ, илми сиёсату фарҳанги идоракунӣ, малакаи муттаҳидсозии гурӯҳҳои оштинопазир, рушдбахшии илму маърифат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро аз аҷдоди пуршарафу оламшумул комил ба мерос гирифта, бо камоли ҷасорат ва масъулият аз минбари Қасри Арбоб дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии мамлакат савганди садоқату хидмати софдилона ба халқу Ватан хӯрд, стратегияи ҳифз ва рушди давлатдории миллиро муайян намуд, гурӯҳҳои ба ҳам зид ва оштинопазирро муътақид гардонда ба ҳам овард, кишвари ҷангзадаро ба мамлакати чароғону гулрез ва мардуми хонабардӯшу навмедашро ба шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ табдил намудаву имрӯзҳо ба ҳайси Пешвои маҳбубу муаззам ва падари дардошнову меҳрубон миллати басаодатрасидаро дар масири рушду пешрафти бемайлон ва корнамоиҳои таърихӣ роҳнамоӣ мекунад”.

Сипас, собиқ депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 - Аламхон Ахмед (тариқи маҷозӣ), собиқ депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 - Шарипов Ҳикмат, раиси Телевизиони Кӯлоб, иштирокдори ҳодисаҳои солҳои 90-ум - Сафаралӣ Бозорзода, мушовири ректор, иштирокчии ҳодисаҳои солҳои 90-ум – Изатуллоев Куган ёддошт ва хотироти худро доир ба рафти Иҷлосия бо мақсади тарбияи ватандӯстии ҷавонон иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16 - уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Дар охир, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба собиқадорон ва меҳмонони ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома тақдим гардид.




Ба рӯйхат