,
Ҷумъа, 27-декабр
Чунон ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард”.
Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии донишгоҳии магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-солагии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми ватанӣ», баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Қурбонзода Умеда, магистрантон ва докторантони факултетҳои донишгоҳ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданда, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуқӯъ пайвастааст.
Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 31-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Аз ҷумла, қайд намуданд: “Замоне, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуд, бисёр давраи ҳассос буд. Дар он рӯзҳо ашхоси ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шуру қиём барпо менамуданд. Дар он давра касе дар бораи мусолиҳа фикр ҳам намекард, манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти ҷойдошта, ки фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷӯёна рафти кори Иҷлосияро халал месохтанд, ба тамоми масъулият ин вазифаро ба душ гирифт ва нахустсуханони ӯ барқароркунии сулҳ дар кишвар, сохти консититутсионӣ ва баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба ватан буд, ки ҳангоми садо доданаш дар толор вакилони мардумӣ ва намоиш доданаш бо воситаи оинаи нилгун сокинони кишварро ба ваҷд оварда, ҳисси ватандӯстии онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар намуда буд”.
Сипас, Қурбонова Сайёра, докторанти курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф”, Сафаров Ҳакимшо, докторанти курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон– поягузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол”, Ҳалимова Фариштамо докторанти курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар солҳои соҳибистиқлолӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Шоинов Ҳасан баромад намуданд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар чор бахш: “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истиқлолияти илмӣ”, “Педагогика ва психология”, “Филологияи хориҷӣ” ва “Филологияи тоҷик ва журланистика” идома ёфт.
Маҷмуаи илмии конфронс, ки аз тарафи Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида шуд, 59 мақолаи магистрантон ва докторантонро дар бар мегирифт.