,
Душанбе, 30-декабр
13-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ дар таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар конфронс, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшинос, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, муовини декан оид ба тарбияи факултет Каримзода Исроил, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Иззатов Умедҷон, сардори ҶИД-и Донишгоҳ Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, ҳозиринро бо маърӯзаҳое, ки дар конфронс баромад мешавад, шинос намуданд.
Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд карданд: “Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳамаи мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақона, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиштагии Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Мо эътимоди комил дорем, ки ҳамаи мо бо Ватани соҳибистиқлолу диёри биҳиштосо, Сарвари маҳбуб - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, интизоми намунавӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳм хоҳем гузошт”.
Баъдан, профессор Абдуллоев Маҳмуд дар мавзуи “Сабабҳои гузаронидани Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ дар Хуҷанди бостонӣ”, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Самандаров Фаридун дар мавзуи “Мавқеи Президент дар меъёрҳои конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯи курси сеюми факултети мазкур Исломова Фарида дар мавзуи “Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини амнияти миллӣ” ва донишҷӯи курси чоруми факултет Бобоев Худобахш дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Мавсуф аз ҷумла иброз доштанд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шурӯъ аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.
Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Бо дар назардошти ин ва дигар хизматҳои сершумори таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.