,
Шанбе, 23-ноябр
Санаи 11.11.2023 дар Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши зан-модар дар рушди маориф ва илми кишвар” баргузор гардид.
Ҳамзамон дар ҳамоиш рунамоии китоби мураттабнамудаи Лолаи Мирзо бо номи “Вақте муҳаббат самимист...” баргузор гардид, ки дар он намояндагони илму адаб, чеҳраҳои саршиносу маҳбуб ва дигар дӯстдорони китобу шеър ширкат варзиданд. Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки китоби “Вақте муҳаббат самимист...” ба фаъолияти пурсамари педагогии омӯзгори содиқ ба касб, Аълочии маорифи Тоҷикистон, муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон шодравон- Соҷида Аккалаева бахшида шудааст.