, Чоршанбе, 08-май

ДИЛНОЗА ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ РӮИ ВАРЗИШИ ТАЭКВАНДО-ВТФ САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД!

 11.11.2023 10

ДИЛНОЗА ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ РӮИ ВАРЗИШИ ТАЭКВАНДО-ВТФ САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД!

Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи варзиши “ТАЭКВАНДО-ВТФ”, ки дар шаҳри Душанбе аз санаи 5 то 7-уми ноябр гузашт, сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқра ба даст овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардида, медалҳои нуқра ва биринҷӣ гирифтааст.

Ногуфта намонад, ки мусобиқаҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз баргузории он ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар воқеъ, варзиш гарави саломатӣ буда, чунин мусобиқаҳои варзишӣ имконият фароҳам меоваранд, то ҷавонон ширкат намуда, сатҳи ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.




Ба рӯйхат

*/