,
Сешанбе, 10-декабр
Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки васоити ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзу оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд. Дар робита ба ин санаи 10.11.2023 аз ҷониби факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши васоити ахбори омма дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ ва факултет ба роҳ монда шуд.
Дар кори конфронс муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зиннатулло Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, дотсент Носирҷон Маъмурзода, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика, Алишери Абдумаҷид ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова зимни сухани ифтитоҳии конфронс ҳайати меҳмоноро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, ҳузури онҳоро дар кори конфрос боиси шодиву сурур арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки “Дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии васоити ахбори омма ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён мебошад. Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат, бояд воситае бошад байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва он қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд”.
Сипас, Зиннатулло Исмоилзода, номзади илмҳои филологӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуи “Амнияти иттилоотӣ ва нақши ВАО: ҳақиқат ва қиёс”, Носирҷон Маъмурзода, дотсент, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар мавзуи “Васоити ахбори оммаи маҳаллии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”, Одинаева Марҳабо, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Чем больше практики, тем результативнее журналистское образование” маърӯзаҳо намуда, иброз доштанд, ки ҷанбаи созандагии воситаҳои ахбори омма дар он ифода меёбад, ки соҳаҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам оварда, онҳоро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Инчунин имконияти фаровон дорад, ки дар самти ташаккули шахсиятҳои комилу созандаи ҷомеа нақши муҳим бозида, ҳамзамон ҳар як фардро алоҳида дар рӯҳияи ватандӯстӣ, посдории асолатҳои миллӣ ва меҳнатпарварӣ тарбия намояд.
Дар бахши музокирот декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад ба сухан баромада, маводи банашррасидаи конфронсро, ки олимони соҳа дар 32 маърӯзаи ирсолнамудаи худ доир ба рушди журналистикаи ватанӣ ва нақши ВАО дар таъмини амнияти иттилоотӣ пешниҳодоти мушаххас манзур намудаанд, ҳамчун армуғон ба меҳмонон расониданд. Ҳамчунин аз тарафи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, дотсент Носирҷон Маъмурзода чанде аз таълифот дар шакли маҷмӯа ва китоб барои китобхонаи донишгоҳ ва кафедраи факултет тақдим карда шуд.
Ҳангоми ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, таъкид карда шуд, ки кори конфронс дар қисми дуюми рӯз тибқи барнома дар ду бахш: “Амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” ва “Нақши ВАО дар рушди фарҳанги ҷомеаи иттилоотӣ” идома меёбад.