,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 10.11.2023 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Рушди омӯзиш ва пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи физикаи нимноқилҳо» бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар доираи амалигардонии Лоиҳаи илмӣ- таҳқиқотии фармоишии «Технологияи ҳосил кардани намунаҳои монокристаллии пайвастагии навъи ҷавҳаронидашуда дар ҳароратҳои баланд (дар ҳолати сахтӣ ва моеӣ)» баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, мудири кафедраи таълими физика ва технологияи материалҳо Акрамова Маҳрамбӣ ва муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Гулматов Умар оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи таҳқиқотӣ маърӯзаҳо намуда, қайд карданд, ки рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Дар охир семинар бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира ба анҷом расид.