,
Якшанбе, 22-декабр
Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 10.11.2023 маҳфили «Ҳунар дорӣ-хазинаи зар дорӣ» назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет Исозода Парвиз, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Исупов Шердил, номзади илмҳои педагогӣ, ҳамзамон роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша, суханронӣ намуда, иштирокчиёнро аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфил маълумот доданд.
Сипас, донишҷӯи курси сеюми факултет Сафарова Дилсадо дар мавзуи “Таърихи санъати чакан ва шомил гардидани он дар ЮНЕСКО” ва донишҷӯи дигар Рӯзиева Сабрина дар мавзуи “Баъзе аз нозукиҳои дӯхтани чакан” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир гурӯҳи донишҷӯён вобаста ба мавзуи мазкур фикру андешаҳои худро баён карда, шеъру таронаҳо дар васфи чакан ва нақшу нигорҳои миллии он суруданд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар маҳфил маҳсули дасти донишҷӯён, ки бо ёрии омӯзгорони хеш дӯхтани либосҳои миллӣ, аз қабили чакан ва тасвири нақшу нигорҳои милии тоҷикона дар рӯи матоъро аз худ кардаанд, намоиш дода шуд.