, Панҷшанбе, 30-октябр

СӮҲБАТ ДАР МАВЗУИ «МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВА ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ТЕРРОРИСТӢ»


СӮҲБАТ ДАР МАВЗУИ «МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВА ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ТЕРРОРИСТӢ»

Санаи 09.11.2023 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони факултет дар мавзуи «Муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ террористӣ» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Одинамо, ҷонишини декан оид ба таълим Нурматов Ёқуб, ҷонишини декан оид ба тарбияи Иброҳими Аҳмадхон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултет Шарипова Одинамо оғоз намуда, оид ба пешгирӣ ва шомилшавӣ ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он суханронӣ намуд. Сипас, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром баромад намуда, қайд карданд: “Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад. Терроризм ва экстремизм бошад,  ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст”.

Ҳамзамон ба аҳли нишаст рӯйхати сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст нишон дода шуд.

Қобили зикр аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бо иштироки васеъи ҷавонон дар самти пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистидошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ саҳми калон хоҳад гузошт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_82t4ljap70chson8ftqjlr6d3o in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_82t4ljap70chson8ftqjlr6d3o): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_bq840vdu6bqf7f31age6bbtbd5 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_bq840vdu6bqf7f31age6bbtbd5): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274