, Шанбе, 06-июн

ДАРСИ НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ШАРТНОМАҲОИ ТАРАФАЙН ҶИҲАТИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПЕДАГОГИИ АЛТАЙ


ДАРСИ НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ШАРТНОМАҲОИ ТАРАФАЙН ҶИҲАТИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПЕДАГОГИИ АЛТАЙ

Санаи 08.11.2023 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти руси Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай - Худенко Елена Анатольевна дарси назариявӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар мавзуи “Тамоюлҳои асосии инкишофи китоб дар адабиёти муосири рус дар солҳои 2000-2020” барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дарси мазкур бо мақсади сайқал додани дониши амалӣ ва назариявии донишҷӯёни факултет дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани нишондодҳои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Зимни ироаи лексия таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ роҳи омӯзиш ва касбӣ донишҳои навро барои ҷавонон кушода гардонида, барои дарки ғояҳои романҳои адибони асри 21 - Мария Петросян, Алексей Иванов, Гузел Яхин, Алексей Сальников ва Евгений Водолазкин мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин дар идома оид ба проблемаҳои актуалии нақди адабӣ ва таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи онҳо изҳори андеша карда шуд.

Дар охир, дарс бо саволу ҷавоб миёни ҳайати устодон ва донишҷӯён дар робита ба мавзуъ бо устод Худенко Елена Анатольевна ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_rj00nm9h6dhi9nfg6usqt524jt in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_rj00nm9h6dhi9nfg6usqt524jt): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s1o3012qgb2f47dpdnligujifu in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s1o3012qgb2f47dpdnligujifu): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274