,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 08.11.2023 маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафаров Аъзам, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод, сардорони ҷаъмияти илмии донишҷӯёни факултетҳо ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Давлатов Камолиддин баромад намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфили имрӯза маълумот доданд.
Баъдан Ҳусайнова Адиба, донишҷӯи курси 2-юм дар мавзуи “Нақшаи қарзҳои бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ" ва Раънои Суҳроб, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Фаъолияти эмиссиёни Бонки миллии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.