,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 08.11.2023 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет доир гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғуломов Зикрулло, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Иззатов Умедҷон, ассистенти кафедра Мадасани Азизмад ва дигар донишҷӯёну аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, дотсент Ғуломов Зикрулло маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.
Сипас сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Иззатов Умедҷон суханронӣ намуда, аз фаъолияти ҳамарӯзаи ҷамъияти илмии донишҷӯён дар донишгоҳ ба ҳозирин маълумот доданд ва ба донишҷӯён барои иштирок дар семинару дарсҳое, аз ҷониби Маркази рушди касбият барои тақвияти донишу маҳоратҳои донишҷӯён пешбинӣ шудааст тавсия намуданд.
Баъдан Талабзода Моҳрӯ, донишҷӯи курси 3-уми факултет дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сатҳи сайёраи Замин” ва Ҳамидазода Моҳлиқо, донишҷӯи курси 3-уми ҳамин факултет дар мавзуи “Таъмини рушди инноватсионии саноати миллӣ дар низоми иқтисоди сабз” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.