,
Чоршанбе, 11-декабр
Самизода Назирмад, донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Шамшербозӣ” байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб аз санаи 3 то 6-уми ноябр гузашт, сазовори ҷойи якум гардида, медали тилло ба даст овард.
Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардида, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гирифтааст.
Раёсати Донишгоҳ Назирмадро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.