, Якшанбе, 10-ноябр

КОНСТИТУТСИЯ -  РОҲНАМОИ  ИМРӮЗУ  ФАРДОИ  ДАВЛАТУ  МИЛЛАТ

 07.11.2023 226

КОНСТИТУТСИЯ -  РОҲНАМОИ  ИМРӮЗУ  ФАРДОИ  ДАВЛАТУ  МИЛЛАТ

Конститутсия санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки аз ҷониби худи халқ тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон гардидааст. 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқии баргузогардида Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Табиист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати қонуни асосии давлат, балки ҳамчун санади таъсиснамоие, ки барпогардидани давлати навинро аз лиҳози ҳуқуқӣ эълон менамуд, қабул гардид. Дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад: ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Маҳз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқиро  Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаро гирифтааст.

Конститутсия шоҳсутуни бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд ва интихоби ин шакли идоракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқ буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияи соҳибистиқлолии худ оғоз намуд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Чунки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихи инкишофи худ ворид шуда дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳама соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа оғоз гардида Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи давлатдории навини худ бо роҳи демократию бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ шурӯъ намуд.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Табиист, ки Конститутсияи мамлакат муаррифии давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ мардуми Тоҷикистон дар муқаддимаи худ ба қабули Конститутсияи кишвар изҳор доштаанд: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Дар воқеъ, қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузӯрги назариявӣ ва амалию сиёсиро ба худ касб намудааст.

Дар низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ҳамчун мавҷудоти олӣ мақоми барҷастаро ба худ касб кардааст, ки вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши муҳимми миллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист  истифода менамояд.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Хусусан  иштироки озоди шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ, дар раъйпурси иштирок намудан, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медиҳад. Дар баробари ин одамон имконият доранд, ки дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, намоишҳо иштирок намоянд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст.

Муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин боз дар он ифода меёбад, ки тибқи моддаи 34- Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз  ин ҷост, ки падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст,  ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми  тоҷик  маҳсуб меёбад

Ҳамин тавр, Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 29 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.

Файзов РАМАЗОН, номзади илмҳои сиёсӣ, саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат