,
Якшанбе, 22-декабр
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат фароҳамсозии имконот ҷиҳати таълиму тадрис ва соҳибкасбу бомаърифат гардидани насли наврасу ҷавон ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо дарки ин масъала ҷиҳати дар амал татбиқнамоии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 4 ноябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Лаҳзаи ифтитоҳии марказ бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ҳайати раёсат ва профессорону кормандони донишгоҳ сурат гирифт. Зимни суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз нақш ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини волоияти қонун ва зиндагии шоистаи мардум ёдовар шуда, таъкид дошт: “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии мардуми Тоҷикистон буда, бо шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии миллати дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардид ва минбаъд барои устувор намудани пояҳои давлати мустақилу соҳибистиқлоли мо мусоидат намуд”.
Дар зимн муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки таъсиси чунин марказ дар тарҳи наву замонавӣ ва дарбаргирии имконот ҷиҳати таълиму тадрис дар шаҳр ягона буда, дар тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муассир мегузорад.
ДАР РОБИТА БА МАРКАЗ
Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии имконот барои таълиму тадрис ва донишандӯзиву соҳибмаърифат гардидани насли ҷавон таъсис ёфта, фаъолияти он дар асоси Низомномаи марказ мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда мешавад.
Марказ чун сохторҳои таркибии Донишгоҳ, дар ҳайати Парки технологӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти умумии насли наврас ва ҷавон, тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии хоҳишмандон, пешниҳоди машваратҳои таълимӣ ва психологӣ ташкил гардида, хизматрасониҳои он дар асоси шартнома бо пардохти маблаѓи муайян аз ҷониби мизоҷон муқаррар гардидааст.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ
Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон” мутобиқи дархости мизоҷон барои омӯзиши фанҳои алоҳида, омодагӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курсҳои забономӯзӣ ташкил гардида, дар асоси муроҷиат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои психологӣ низ медиҳад.
Марказ корро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда, имкон дорад хизматрасониҳои худро тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) ба мизоҷон пешниҳод намояд. Ҳамчунин, марказ омода аст, хизматрасониҳои худро тибқи шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти касбию техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шахсони хоҳишманд ва дигар ташкилоту идораҳо пешниҳод намояд. Дар ин баробар, марказ барои таълими босифати таълимгирандагон бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ҳамрадиф ҳамкорӣ намуда, нерӯи пуриқтидори таълимию илмиро барои самаранокии кори худ ҷалб менамояд. Марказ бо доро будани имконоти васеъ дар сохтори худ се бахш: бахши тайёрӣ, бахши забономӯзӣ, бахши машварат ва хулосаҳои психологиро фаро гирифтааст.
БАХШИ ТАЙЁРӢ
Бахши тайёрии маркази таълмӣ-машваратии “Дурахшон” фаъолияти худро аз рӯи 5 кластер: “Табиӣ ва техникӣ”, “Иқтисод ва география”, “Филология, педагогика ва санъат”, “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”, “Тиб, биология ва варзиш” бо мақсади тайёр намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф шахсони масъул дар макотиби таҳсилоти умумии шаҳр бо хатмкунандагон мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонанд. Дарсҳо дар курсҳои тайёрӣ аз моҳи октябр то моҳи июн давом мекунад. Ба курси тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин, хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд.
Барномаи таҳсилот дар курсҳои тайёрӣ дар асоси барномаҳои имтиҳонотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, шунавандагон аз рӯйи кластерҳо тайёр карда мешванд. Дар курси тайёрӣ ба довталабон устодони пуртаҷриба бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир раванди таълиму тадрисро ба роҳ монда, дониш, малака ва маҳорати довталабонро мутобиқ ба талаботи Маркази миллии тестӣ сайқал медиҳанд.
БАХШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ яке аз муҳимтарин омилҳо ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Бо дарки ин масъала, бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ таълими забонҳои хориҷиро аз рӯйи забонҳои русӣ, англисӣ, хитойӣ ва олмонӣ ба роҳ мода, довталабон ва хоҳишмандоро ба забономӯзӣ фаро мегирад. Ҷиҳати пешбурди машғулиятои омӯзишӣ, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва самараноку судбахш ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис ба курс устодони пуртаҷриба, соҳибкасб ва донандагони хуби забонҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд.
БАХШИ МАШВАРАТ ВА ХУЛОСАҲОИ ПСИХОЛОГӢ
Бахши машварат ва хулосаҳои психологӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои марбут ба солимии психикӣ ва роҳҳои пешбурди он, пешгирӣ ва табобати вайроншавиҳои психологӣ фаъолият намуда, хизматрасониро мутобиқ ба муроҷиати мизоҷон ба роҳ мемонад. Мақсади фаъолияти бахши машварат ва хулосаҳои психологӣ, пеш аз ҳама, рушд додани илми психология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ошкор кардани мушкилоти психологӣ дар ҷомеа мебошад. Бахш бо назардошти имконот ва таҷрибаи андӯхта, фаъолияти худро дар самтҳои расонидани ёрии психологӣ ба нафароне, ки эҳтиёҷ ба кумаки равонӣ доранд; баррасии масъалаҳои фардӣ-психологӣ дар алоҳидагӣ; бедор намудани маърифати равонии шаҳрвандон; тарбия ва ташаккули худтарбияткунӣ ва офиятбахшии психологӣ ба одамон, таҳлил ва пешниҳоди ташхиси хулосаҳои психологӣ дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.