,
Ҷумъа, 27-декабр
Таҳти ҳамин унвон санаи 4 ноябри соли 2023 бо ташаббуси факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон ва ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику шодбош гуфта, иброз намуданд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бар пояи арзишҳои таърихии ниёкони мутамаддин, унсурҳои инсонпарваронаву башардӯстонаи ориёӣ ва бо назардошти ормонҳои миллати куҳанбунёд таҳия ва қабул гардид, Ватани маҳбуби моро дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи шарифи кишварро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ намуд.
Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз чун бахтномаи ормонӣ ва ояндаафрӯзи миллат барои садсолаҳо равшангари масири рушди давлати соҳибистиқлол ва мардуми сарафрози мо хоҳад буд”.
Сипас, Бадалов Исфандиёр, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Аз таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Назаров Бахтиёр, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ, ҳамзамон омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” баромад намуда, зимни суханрониҳои худ дар робита ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, мавқеи ин санади муҳими сиёсиро дар замони муосир ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ва назаррас унвон намуданд.
Ҳамчунин Шоинов Ҳасан, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ба сухан баромада, баён дошт, Қонуни асосии давлат, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сабт шудааст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад ва мебояд ҳар яки мо онро эҳтиром карда, дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи он кору фаъолият намоем.
Дар қисмати охири конфронс ба як қатор омӯзгорону кормандони донишгоҳ барои саҳми муносиб ҷиҳати татбиқи саиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои роҳбарият, ташкили раванди муназзами таълиму тарбия, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.