, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

 02.11.2023 169

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва тадбирандешиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонапарастӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек гурӯҳи корӣ бо ҷалби докторону профессорон, омузгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати баргузор намудани “Хонишҳои сиёсӣ” барои омӯзгорону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ таъсис дода шуд.

Дар ин робита Нақшаи баргузории “Хонишҳои сиёсӣ” дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба имзо расонида шуда, “Хонишҳои сиёсӣ” тибқи он  ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми баргузории “Хонишҳои сиёсӣ” гурӯҳи корӣ ба тарбияи худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат тарбия намуда, дар замири онҳо меҳр ва садоқату бовариро ба ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ афзун менамоянд.

Дар ин замина, имрӯз дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Некрӯзи Маҳмадхоҷа ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет, дотсент  Муродов Баҳриддин суханронӣ намуда, қайд карданд ки “Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад”.

Сипас, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Некрӯзи Маҳмадхоҷа дар мавзуи "Экстримизм ва терроризм ҳамчун проблемаи глобалии ҷомеаи муосир" суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳимтарин мавзуъ дар ин самт ин мавзуи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавиёту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад. Дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст.




Ба рӯйхат