, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

 02.11.2023 288

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

Маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва тадбирандешиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонапарастӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек гурӯҳи корӣ бо ҷалби докторону профессорон, омузгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати баргузор намудани “Хонишҳои сиёсӣ” барои омӯзгорону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ таъсис дода шуд.

Дар ин робита Нақшаи баргузории “Хонишҳои сиёсӣ” дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба имзо расонида шуда, “Хонишҳои сиёсӣ” тибқи он  ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми баргузории “Хонишҳои сиёсӣ” гурӯҳи корӣ ба тарбияи худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат тарбия намуда, дар замири онҳо меҳр ва садоқату бовариро ба ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ афзун менамоянд.

Имрӯз тибқи Нақшаи баргузорӣ "Хонишҳои сиёсӣ" дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, дотсент Самардинова Зайнаб, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Бадалов Исфандиёр ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет, дотсент Самардинова Зайнаб суханронӣ намуда, дар суханронии хеш иқдоми роҳбарияти донишгоҳро ҷиҳати баргузории хониши сиёсӣ дар самти такмили донишҳои муосир судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад.

Сипас, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Бадалов Исфандиёр оид ба масъалаҳои иттилоотию тарғиботии сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳимтарин мавзуъ дар ин самт ин мавзуи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавиёту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад. Дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст.




Ба рӯйхат