,
Душанбе, 14-октябр
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва тадбирандешиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонапарастӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек гурӯҳи корӣ бо ҷалби докторону профессорон, омузгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати баргузор намудани “Хонишҳои сиёсӣ” барои омӯзгорону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ таъсис дода шуд.
Дар ин робита Нақшаи баргузории “Хонишҳои сиёсӣ” дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ном Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба имзо расонида шуда, “Хонишҳои сиёсӣ” тибқи он ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми баргузории “Ҳонишҳои сиёсӣ” гурӯҳи корӣ ба тарбияи худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат тарбия намуда, дар замири онҳо меҳр ва садоқту бовариро ба ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ афзун менамоянд.
Имрӯз тибқи Нақшаи баргузорӣ "Хонишҳои сиёсӣ" дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мутахассиси раёсати тарбия Дӯстов Насим, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Яқубзода Фирӯз ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Яъқубзода Фирӯз баромад намуда, “Таъкид карданд, ки дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад. Терроризм ва экстремизм бошад, ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст”.
Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром оид ба масъалаҳои иттилоотию тарғиботии сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳимтарин мавзуъ дар ин самт ин мавзуи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавиёту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад.
Дар ин росто ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи самаранок ва оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ хусусан барои ҷавонон дар доираи хониши сиёсӣ муҳокима карда шуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бо иштироки васеи ҷавонон дар самти пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии хусусияти ифротӣ ва террористию экстремистӣ дошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ саҳми калон хоҳад гузошт.