,
Шанбе, 23-ноябр
Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ зери унвони “Хониши сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур дотсент Муродова Гулчеҳра оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремизм ва тероризм ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсатӣ давлатии ҷавонон баромад ва суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бо иштироки васеъи ҷавонон дар самти пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистидошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ саҳми калон хоҳад гузошт.