, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁН

 01.11.2023 258

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁН

Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни  донишгоҳ  Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Исупов Дилшод маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён  барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.

Сипас Файзова Дилноза , донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси химия биология дар мавзуи “Нақши саноати металургӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии тоҷикистон ” ва Ҳоҷизода Марҷона, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси биология экология дар мавзуи «Проблемаҳои экологи ҷаҳони имрӯза дар Тоҷикистон» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат