, Шанбе, 12-октябр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

 31.10.2023 167

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Сафаров Аҳлиддин, ассистенти кафедраи мененҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст декани факултет, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас ассистенти кафедраи мененҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак дар мавзуи “Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм” маърӯзаи худро ироа намуда, қайд намуданд: “Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минҷумла, ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, афзоиши зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифоротгароӣ мебошад. Зеро ин омилҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ мегарданд. Дар айни замон дар пешорӯи инсоният як қатор масъалаҳои глобалӣ қарор доранд, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Терроризм дар замони ҳозира яке аз чунин масъалаҳои хатарнок ба шумор рафта, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ доранд”.

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст фикру андешаи худро баён намуданд.




Ба рӯйхат