, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 31.10.2023 222

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи «Фарҳангҳои пешин ҳамчун сарчашмаи омӯзиш» баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мутахассиси Маркази рушди касбияти донишгоҳ Сафарзода Сироҷиддин, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод ва раисони ҷамъияти илмии донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ва ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод баромад карда, аз фаъолияти маҳфил ва Маркази рушди касбияти донишгоҳ ба ҳозирин маълумот доданд.

Баъдан Нуриддинзода Моҳрӯ, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёт дар мавзуи “Фарҳангҳои пешин ҳамчун сарчашмаи омӯзиш” ва Раҳматова Фотима донишҷӯёни курси 2-юми факултет дар мавзуи “Асарҳои таърихӣ-бадеӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо музокирот ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат