, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 31.10.2023 255

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Дар ин росто имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети физика ва математика конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои актуалии илмӣ риёзӣ ва методҳои таҳқиқоти онҳо» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои асосӣ намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва факултет ба роҳ монда шуд.

Дар конференсия ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сатторов Абдурасул ва ҳайати профессорон, устодони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор, Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, қайд карданд, ки ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ин аст, ки барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Сипас, Саторов Абдурасул, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои иттилооткунии раванди таълими математика”, Шомуродова Барқия, муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар мавзуи “Инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои инкишофдиҳанда”, Имомов Зафархон, муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Тадқиқи квазигурӯҳҳо дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва мактаби илмии Табарӣ Абдулло Ҳабибулло”,  Назаров Аҳтам, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Методи сабукгардонии меҳнати омӯзгорони фанна информатика дар раванди гузаронида корҳои санҷишӣ оид ба ҷадвалҳои электронӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот Саттор Ғаффоров, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ баромад намуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар се бахш: “Масъалаҳои мубрами риёзӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо”, “Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар инкишофи илми риёзӣ” ва “Таърих ва методикаи таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ” идома ёфт.

Маҷмӯаи мақолаҳои илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад, зиёда аз 55 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар бар мегирад.




Ба рӯйхат