, Шанбе, 23-ноябр

ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДОНИШГОҲ

 30.10.2023 325

ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДОНИШГОҲ

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамчунин барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ба роҳ монда шудааст.

Санаи 28-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

Дар озмуни мазкур 9 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи 7 номинатсия фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа ду нафарашон аз рӯйи номинатсияи “География”: Мадасани Азизмад, магистранти бахши 2-юми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 1-ум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 35 000 сомонӣ ва Мирзозода Насиба, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 2-юм гашта, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 25 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ғолибонро дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба тарбия дотсент Сафарзода Мунир, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда,  ғолибон ва роҳбарашонро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ хост. Ҳамзамон ректори донишгоҳ барои ин музаффарият ба Мадасани Азизмад қабули ройгон ба зинаи докторантураи PhD ва барои табодули таҷриба сафар ба давлатҳои хориҷӣ, инчунин ба Мирзозода Насиба қабули ройгон ба зинаи магистратураи Доишгоҳ пешниҳод кард. Дар ин баробар таъкид шуд, ки  ғолибон ва роҳбарони онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуда, дар самти корҳои илмию таълимияшон иқдомҳои тоза рӯйи даст гирифта мешавад.

Сипас, ғолибони озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳату ташкилу баргузории  озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба омӯзгорону ректори донишгоҳ барои дастгириашон баён доштанд.

Раёсати донишгоҳ Мадасани Азизмад, Мирзозода Насиба ва омӯзгорону кормандони донишгоҳро барои ноил шудан ба ин дастоварди бузург самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат