,
Чоршанбе, 11-декабр
Тиллоев Носирҷон, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Гӯштини юнонӣ –румӣ” байни U- 13 ва ҷавонони U- 23, ки дар маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб санаи 23 то 24-уми октябр гузашт, дар вазни 55 кг сазовори ҷойи сеюм гардида, медали биринҷӣ ба даст овард.
Раёсати Донишгоҳ Носирҷонро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.