,
Якшанбе, 08-декабр
Санаи 28-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили фарҳангӣ-адабӣ бахшида ба 60-солагии эҷодиёти барандаи Ҷоизаи далатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб баргузор гардид.
Дар кори маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло, мудири шуъбаи конститутсионии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Назрулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, шореҳи масъалаҳои иҷтимоии рӯзномаи “Ҷумҳурият” Абдуқодири Раҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “СССР” Сайёфи Мизроб, ҳамчунин дигар шоирону адибони кишвар, устодону донишҷуёни донишгоҳ ва дӯстдорони сухани ноб иштирок доштанд.
Маҳфили адабиро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, ки ровигии маҳфилро бар уҳда дошт, кушода, ҳайати меҳмононро бо иштирокчиён шинос намуда, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ дод.
Сипас, ректори Донишгоҳ Раҳмон Дилшод Сафарбек дар баромади худ, қудуми шоирону адибони барҷаста ва иштирокдорони маҳфили адабиро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфта, шоирро ба муносибати 60-солагии фаъолияти эҷодӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб беш аз 60 сол аст, ки дар арсаи шеър хомаи тавонои хешро ҷавлон дода, худро дар ин талошгоҳ чун чеҳраи хоссаи адабиёти миллӣ ба халқу Ватан муаррифӣ менамояд. Ӯ аз зумраи адибони маҳбуби адабиёти муосири тоҷик аст, ки бо сабки хоси эҷодӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он маълуму машҳур гаштааст.
Ҳамзамон, иштирокчиёни маҳфил, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло, мудири шуъбаи конститутсионии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Назрулло, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ Одинаева Гулбону суханронӣ намуда, адибро бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодӣ табрику таҳният гуфта, доир ба паҳлуҳои фаъолияти густурдаи эҷодиёти шоир изҳори андеша намуда, нақши таълифоти адибро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии насли наврас, арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлатдориву давлатсолорӣ муҳиму арзишманд маънидод намуда, иброз доштанд, ки Ҳақназар Ғоиб дар тӯли фаъолияти эҷодии худ беш аз 30 маҷмуаи ашъор ба чоп расондааст. Аз ҷумла, маҷмуаҳои ашъори «Зинароҳ», «Тоҷи офтоб», «Эҳёнома», «Нигоҳи гарм», «Чашми саҳар», «Атри гиёҳ», «Барги сабзи ишқ», «Ашки офтоб» (дар ду китоб), «Нафас то бар нафас овози вақт аст», «Дар бистари гарми гул», «Зинда бо гудозишҳо», «Гул, шиша ва санг» (ба хати форсӣ), «Дар таҷаллии Офтоби аллома Иқбол» ва ғайра моломоли эҳсоси худшиносии миллӣ ва рӯҳи ватандӯстӣ мебошанд. Ҳамзамон, манзума ва достонҳои андешапарвар ва файласуфонаи шоир – «Ҷони ташна», «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки офтоб», «Сурӯши Хатлон», «Сояҳои офтобрӯз», «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» дар адабиёти муосири тоҷик аҳаммияти тарбиявӣ доранд.
Адиб тавассути шеърҳо ғояҳои баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва сулҳхоҳӣ, ишқи покро тараннум намуда, дунёи бою мураккаби маънавии инсони муосирро пеши назар вонамуд месозад. Ашъори лирикии шоирро мазмунҳои сиёсӣ, фалсафӣ, ахлоқию ишқӣ фаро гирифтаанд. Ғояи шоир тараннуми ишқи пок, ҳурмат намудани падару модар, пос доштани хотири ниёгон, нигаҳдошти сулҳ, ваҳдат, некиву накӯкорист.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори шоир ва масъулини Хонаи маданияти донишгоҳ бо сурудани сурудҳо аз эҷодиёти адиб табъи иштирокчиёнро болида намуданд.
Дар охир, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба барандаи Ҷоизаи адабии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб бо як ҷаҳон самимияти хос ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, чанде аз асарҳои тозаэҷоди худро барои китобхонаи донишгоҳ ва меҳмонони гиромӣ туҳфа намуд.