, Якшанбе, 22-декабр

ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 2 ҶОЙ НАСИБИ МО ШУД

 28.10.2023 308

ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 2 ҶОЙ НАСИБИ МО ШУД

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба шумор меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.

Санаи 28-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа ду нафарашон аз рӯйи номинатсияи “География”: Мадасани Азизмад, магистранти бахши 2-юми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 1-ум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 35 000 сомонӣ ва Мирзозода Насиба, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, сазовори ҷои 2-юм гашта, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 25 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Раёсати донишгоҳ Мадасани Азизмад ва Мирзозода Насибаро барои ноил шудан ба ин дастоварди бузурги илмӣ самимона муборакбод намуда, дар роҳи илмомӯзию увсби донишҳои нав барор мехоҳад.




Ба рӯйхат