,
Якшанбе, 22-декабр
Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили «Бостоншиноси ҷавон»-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих ба ҳисоб меравад.
Санаи 27-уми октябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Бостоншиноси ҷавон» баргузор гардид.
Дар маҳфил номзади илмҳои таърих, мудири кафедра Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих Суфиев Садриддин, муаллими калони кафедра Сайдалиев Рустам, асиссисенти кафедра Фаризаи Давлатмурод, роҳбари маҳфил Лалбеков Собирҷон ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Сараввал Роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Шарипов Анушервон, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи "Мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик дар созмонҳои байналмилалӣ”, Султони А., донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Панҷакенти қадим ва аҳамияти таърихии он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни аъзоёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.