,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет доир гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғуломов Зикрулло, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳасанова Фарзона, муаллим кафедраи менеҷмент ва маркетинг Шарипов Суҳроб, сардори Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффоров Мурод ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, сардори Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффоров Мурод маҳфилро оғоз намуда, оид ба мавзуҳои барасишаванда маълумот доданд.
Сипас, Талабзода Моҳрӯ, донишҷӯи курси 3-уми факултет дар мавзуи “Манбаи захираҳо ва истифодаи оқилонаи обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Давлатов Зоир, магистранти курси 2-уми ҳамин факултет дар мавзуи “Аҳамияти иқтисодиёти сабз дар таъмини рушди иқтисодии минтақа” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.