,
Душанбе, 14-октябр
Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур шуморида, ҷиҳати аз худ кардани онҳо пайваста дастуру ҳидоятҳои раҳнамосоз медиҳанд.
Дар пайрави аз ин гуфтаҳо имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи рус конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Проблемаҳои актуалии забони русӣ, масъалаҳои саводнокӣ ва оммавигардонӣ дар мактабҳои олӣ» дар доираи барномаи давлатии «Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030» баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ва факултет ба роҳ монда шуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, Нозимов Абдулҳамид – доктори илми филологӣ, профессори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии МИСИС дар шаҳри Душанбе ва ҳайати профессорон, устодони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва омӯгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова оғоз намуда, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошем.
Сипас, Нозимов Абдулҳамид – доктори илми филологӣ, профессори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии МИСИС дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Некоторые вопросы исследования фразеологии в современном языкознании: сравнительный аспект”, Холиқова Зуҳро – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи забони русии Донишгоҳи русӣ-тоҷики (славянӣ) Тоҷикистон, дар мавзуи “Речевое поведение современной молодежи (на примере русского и таджикского языков)”, Ҷабборов Абдулло, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Изучение русского языка - веление времени проблемы и пути её решения условиях отсутствия языковой среды”, Ғуломова Садбарг – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Влияние персидско-таджикской литературы и Коранических реалий на русскую литературу” маърӯзаҳои худро ироа намуда, иброз доштанд, ки шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбати солҳои пеш даҳҳо маротиба афзудааст.
Дар бахши музокирот декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо баромад намуданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст».
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Забон ва адабиёти рус” ва “Методикаи таълими забон ва адабиёти рус” идома ёфт.
Маҷмӯаи мақолаҳои илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад, зиёда аз 70 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар бар мегирад.