, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

 26.10.2023 244

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 26.10.2023 конфронси навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Нақши саноатикунонии босуръат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ» баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳулллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Сафаров Аъзам, мутахассиси пешбари Марказ Иззатов Умедҷон, мутахассиси дигари Марказ Сафарзода Сироҷиддин, сардори ҶИД-и Донишгоҳ Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро сардори ҶИД-и Донишгоҳ Ғаффори Мурод оғоз намуда, ҳозиринро бо маърӯзаҳое, ки дар конфронс баромад мешавад, шинос намуданд. Сипас, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, қайд карданд: “Саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароитеро дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, воридсозии густурдаи мардум, аз ҷумла занон, ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамаркуз ба иқтисоди навоварона ва ғайра мебошанд”.

Баъдан, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ дар мавзуи “Мафҳум ва моҳияти саноаткунонии босуръат”, Давлатов Камолиддин, донишҷӯи курси чоруми факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “Нақши соҳаи саноат дар рушди иқтисодии миллӣ”, Шарипова Сайҳона, донишҷӯи курси чоруми факултети мазкур дар мавзуи “Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи пешбурди он” ва Маҳмадкаримов Мустафо, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Бизнес-план предпринимательской деятельности” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокдорону маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат