, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «АДАБИЁТШИНОС»

 26.10.2023 205

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «АДАБИЁТШИНОС»

Дар таърихи 26-уми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбати «Адабиётшинос»-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Назиров Мадалӣ, муаллими калони кафедра ҳамзамон роҳбари маҳфил ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Назиров Мадалӣ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот доданд. Инчунин декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Сипас Давронова Савсан, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Мавзуи ватану ватандорӣ дар эҷодиёти шоирони муосир (дар мисоли эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб ва Хайрандеш)” ва Фаризаи Раҷабалӣ, донишҷӯи курси дуюми факулта дар мавзуи “Қадимтарин намунаҳои шеъри дарӣ” суханронӣ намуданд.

Дар анҷом атрофи мавзуъҳои баррасишаванда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат