, Сешанбе, 10-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

 26.10.2023 228

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

Санаи 26-уми октябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии ассистенти кафедраи методикаи таълимии забонҳои хориҷии факултети филологияи хориҷӣ Наимова Дилосо Давлатшоевна дар мавзуи “Асосҳои педагогии рушди фаъолияти амалии муоширати хонандагони синфҳои миёна зимни омӯзиши забони англисӣ (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ) баргузор гардид.

Дар муҳокима Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Муродов Баҳриддин декани факултет, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, Гуламатшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, Бобоева Маҳбуба, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Муродов Баҳриддин – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ва Бобоева Маҳбуба, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй-Наимова Дилосо Давлатшоевна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат