,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 26.10.2023 маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ, мутахассисони Маркази рушди касбият ва инноватсия Балучова Зебо ва Сафарзода Сироҷиддин, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод ва ҳамаи сардорони ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.
Сараввал ҷонишини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас Имомова Мутриба, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Давраи инкишофи синусолии кӯдакон”, Рӯзиева Сабрина, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси мазкур дар мавзуи “Давраҳои инкишофи синусолии кӯдакон дар давраи наврасӣ” ва Мирзоева Сафарбӣ, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Дидактика ва пешравии он” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир маҳфил ба саволу ҷавоб ва музокирот байни омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.