, Сешанбе, 07-май

НОЗИМОВА МАЛИКА ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ!

 25.10.2023 14

НОЗИМОВА МАЛИКА ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ!

Нозимова Малика, донишҷӯи курси чоруми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар вазни 63 кг байни калонсолон (писарон ва бонувон), аз рӯи варзиши «БОКС» барои дарёфти ҷоизаи ҷойзадори Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 Мавзуна Чориева сазовори ҷойи якум гардида, медали тилло ба даст овард.

Ногуфта намонад, ки мусобиқаҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз баргузории он ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар воқеъ, варзиш гарави саломатӣ буда, чунин мусобиқаҳои варзишӣ имконият фароҳам меоваранд, то ҷавонон ширкат намуда, сатҳи ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Малика дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардида, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гирифтааст.

Раёсати Донишгоҳ Маликаро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат

*/